Фаронса: Талошҳо барои ҳалли бӯҳрони Қаробоғ вусъат дода мешаванд
Вазири хориҷаи Фаронса Жан Ив Ле-Дриан гуфт, ки кишвараш нақша дорад талошҳо барои пайдо кардани роҳҳали низои байни Арманистону Озарбойҷонро дар мавзӯи минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро вусъат бахшад. “Умедворем, ки дар моҳҳои наздик ба хотири пайдо кардани роҳҳали мушкили Қаробоғ феъолона ҳамкорӣ мекунем”, гуфт вазири хориҷаи Фаронса дар як нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои озарбойҷониаш дар Боку.
Вай гуфт, ки вазъи ҳозира роҳҳал буда наметавонад ва афзуд, ки “Фаронса хостори сулҳу субот дар минтақа мебошад”. Вазири хориҷаи Озарбойҷон Элмар Мамадёров гуфт, ки Озарбойҷон манфиатдори ҳалли сулҳомези ин қазия буда, ба бовари ӯ, “Фаронса ба ҳайси раҳбари давраии гурӯҳи Минск дар САҲА дар ҳалли масъала мусоидат мекунад”. Ле-Дриан бояк сафари минтақавӣ дар Қафқози Ҷанубӣ буда, рӯзи 28 май дар пойтахти Арманистон, шаҳри Ереван қарор дошт.