Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров "Мовароуннаҳр"-ро ба додгоҳ кашид
Заррина Набиева – ҳамсари Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои зиндонӣ алайҳи ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурдааст. Набиева даъво дорад, ки ширкат панҷ сол боз як фурӯшгоҳи нимасохти дуошёнаро ба номаш намегузаронад.