Тоҷикистон созишномаи нав бо Узбекистонро тасвиб кард
Порлумони Тоҷикистон созишномаеро тасвиб кард, ки интиқоли сарбозони тоҷик ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз манотиқи кишвар бо истифода аз қаламрави Узбекистонро осон мекунад. Ин созишнома рӯзи 30-юми май барои панҷ соли оянда қабул шуд.