Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон сабукӣ хост
Тоҷикистон хостори содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони кишвар дар ҳудуди Русия шудааст. Ин маъсала рӯзи 31-уми май дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе баррасӣ шуд.