Заҳр – дар обу хӯрок. "Мавлуда мехост худу кӯдаконашро бикушад"
Хонаводае дар ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 2-юми июл кӯдаки 3-солаи худро ба хок супурд. Дар ду моҳи ахир ин дуввумин фарзанди Нуралӣ Қурбоналиев аст, ки ба иддаои ӯ, дар пайи заҳролудшавӣ мефавтад.