Молики Умед-88: "Озодам кунед, пули Роғунро медиҳам"
Дар ҳоле ки баррасии парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, молики “Умед 88” дар Додгоҳи олӣ идома дорад, ӯ аз раиси ҷумҳур хостааст, барои раҳоияш мусоидат кунад. Ӯ дар як нома аз боздоштгоҳ гуфтааст, дар сурати раҳоӣ метавонад ҳам қарзашро аз нирӯгоҳи Роғун баргардонад ва ҳам дар сохтмони ин тарҳи барои Тоҷикистон муҳим дасти ёрӣ дароз намояд.