Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2018

Қирғизистон: Таҳқиқи ҳодисаи ахир дар марз бо Тоҷикистон идома дорад

0
Қирғизистон: Таҳқиқи ҳодисаи ахир дар марз бо Тоҷикистон идома дорад

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки масъулини ин кишвар ҳодисаи дар марзи Тоҷикистон боздошт шудани ду низомии қирғизро таҳқиқ мекунанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 24 июл дар Бишкек раиси хадамоти марзбонӣ Уларбек Шаршеев ба хабарнигорон гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи охир, ки дар марз бо Тоҷикистон рух додааст, дар ҳамкорӣ бо марзбонҳои Тоҷикистон идома дорад. “Бар асоси натиҷаҳои ин таҳқиқот гунаҳгорон ҷазо мебинанд”, гуфт Шаршеев. Ба иттилои ӯ, дар нимсолаи 2018 марзбонони Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон 5 ҳодисаро сабт кардаанд, ки назар ба соли гузашта камтар будааст. “Дар маҷмӯъ, марз ором аст”, гуфт Шаршеев.

Зоҳиран ишораи Шаршеев ба  ҳодисаи рӯзи 20 июл аст, ки дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рух дод. Дар як моҷаро сокинон ва мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки миёни онҳову чор шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла ду марзбон баҳсе сари мансубияти замин бархост. Дар паи баҳс, ба қавли раёсати марзбонии вилояти Суғд,  ду марзбони қирғиз дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара боздошт ва баъди музокира бо марзбонони Қирғизистон раҳо шуда  ба ҷои доимии худ баргаштанд.

Рӯзи 24 июл дар Ворух мулоқоти  намояндагони мақомоти ноҳияи Ботканд, мутахассисони заминченкуниву дигар масъулон бо мақомоти шаҳри Исфара баргузор шуд.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон”-и ҷамоати деҳоти Ворух ба  Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мулоқот инчунин моҷароҳои чанд моҳи охир дар қитъаҳои марзӣ баррасӣ шуд.  “Мо ба раиси шаҳр ҳамаи ҳодисаҳои рухдода, аз ҷумла моҷарои моҳи май  ва июли соли равонро шарҳ додем”. Ба гуфтаи ӯ, дар ин музокирот баҳси миёни сокинони ду кишвар бар сари чарогоҳҳо,  молу чорвои мардум ва ҳодисаи сангандозии моҳи май баррасӣ шуд.   

21 июл,  рӯзе баъди ҳодисаи Ворух, дар Чолпонотаи Қирғизистон музокироти вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон -  Сироҷиддин Муҳриддин ва  Эрлан Абдилдаев баргузор шуд ва дипломатҳои баландпоя ба  зарурати  суръат бахшидан ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Уровень безработицы в Москве будет снижен до 1,2 процента к 2030 году





Москва

Состоялась церемония вручения премии Men Today Trends


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Уровень безработицы в Москве будет снижен до 1,2 процента к 2030 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певец

Певец Шарлот из СИЗО анонсировал гастрольный тур на июль




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Детская зона «ЯРКО» – на Летней Спартакиаде «Газпром-Медиа Холдинга»

В Димитровграде проводят чемпионат России по парусному спорту в классе «микро»

Hisense запустила рекламную кампанию «Ставшие легендой»


Арина Соболенко

«Недальновидное решение». На «Беларусь 1» раскритиковали отказ Арины Соболенко от Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ОКАЗАЛИ ПОМОЩЬ САМОКАТЧИЦЕ, ПОСТРАДАВШЕЙ В ДОРОЖНО-ТРАНСПОРТНОМ ПРОИСШЕСТВИИ В МОСКВЕ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России