Теъдоди қурбониҳои сӯхтор дар ҷангалҳои Юнон ба 50 нафар расид
Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар ҷангалҳои шарқи Афина, баъди ёфт шудани 26 ҷасади дигар, ба 50 нафар расид. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ рӯзи 24 июл хабар доданд. Дар бисёр шаҳрҳои Юнон ҳолати фавқулъода эълон шуд.
Оташ гирифтани ҷангали наздик ба Афина, аз рӯи ҳудуд ва қурбониҳо дар даҳсолаҳои ахир бенамуна будааст. Сӯхтор дар пасманзари хушксол, ҳарорати 40 дараҷаӣ ва шамоли сахт ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи хадамоти оташнишонӣ, забонаҳои оташ беш аз 100 нафарро захмӣ кард. Баъзеи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд ва мақомот мегӯянд, ки эҳтимол теъдоди қурбониҳо бештар шавад.
Нахуствазири Юнон Алексис Сипрас сафараш ба Босния ва Ҳерзеговинро қатъ карда ба Афина баргашт. Ба оташнишонӣ садҳо корманди наҷот ва низомиён ҷалб шудааанд. Нахуствазир аз кишварҳои дигар Иттиҳоди Аврупо кӯмак хост.
Оташ дар минтақаи истироҳатии канораҳои Афина сар зад. Дар он ҷо 24 нафар ҳалок шуд.
Оташ дар шарқи пойтахт деҳкадаи Матиро нобуд кард ва шамол алангаҳоро аз канораҳои шаҳри бандарии Рафина ба марказ бурда, садҳо нафарро ба фирор маҷбур кард.