Автобус ва троллейбусҳо ба ҷодаҳои Хуҷанд бармегарданд
Ба зудӣ дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд 25 автобуси нави мусофирбари навъи "ЛИАЗ"-и русӣ дар ҳаракат медароянд. Қарор аст 75 автобуси дигар аз ин навъ дар моҳи оянда дар хиёбонҳои Хуҷанд ба мусофиркашонӣ шурӯъ намоянд.