"Бренд"- либосҳои Иванка Трамп баста мешавад
Духтари президенти ИМА "бренд"- ё номи тиҷории либос ва лавозимоти ҷонибиашро, ки "Иванка Трамп" ном дорад, масдуд мекунад. Дар ин бора сухангӯи Иванка Трамп рӯзи гузашта хабар дод. Ин хабар як сол баъди таъини духтари президент ба мақоми мушовири Кохи сафед ва фосила гирифтанаш аз ширкат пахш шуд.
"Баъди ҳабдаҳ моҳ, ва бидуни он ки замони бозгашташро мушаххас кунад, Иванка қарори бисёр мушкилро қабул кард, ки аз бизнесаш даст кашад ва бо шарикони брендаш ва кормандонаш шаффоф бошад",- омадааст дар изҳороти сухунгӯи Иванка Трамп, ки рӯзи сешанбе пахш шуд.
Ширкати Иванка Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки қарордодҳои дорои муҷавиз тамдид намешаванд, аммо созишҳои амалкунанда то поён ёфтани муҳлаташон амал мекунанд.