Боздошти чор ҷавони сокини Душанбе бо гумони узвият дар ДИИШ
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чор ҷавони 17-18-соларо ба гумони пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон боздошт карданд.
Муҳаббат Абдуллозода, сардори Агентии мубориза бо маводди мухаддир дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 25 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб чор ҷавонро барои талоши убури сарҳад ва пайвастан ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт карданд.
Абдуллозода афзуд, ки ин чор нафар дар як мактаб хонда сокини шаҳри Душанбе будаанд. Ӯ мегӯяд, ки яке аз ин ҷавонҳо дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шуда дар гузашта дар ин ноҳия ба сар бурдааст ва дигаре зодаи ноҳияи Ҷиргатол мебошад.
“Инҳо пешакӣ маслиҳат карда, чанд маротиба ба сарҳад омада боз гашта рафтанд ва пешакӣ дар як ҷо нишаста маслиҳатҳо кардаанд. Аммо ин дафъа ҳангоми кушишӣ убури марз дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсддини Шоҳин мо ин чор нафарро боздошт карда, нисбаташон парванда боз кардем”. Ӯ гуфт, ки ин ҳодиса дар таърихи 13 июл рух дод. Ду нафари онҳо соли 2000 таваллуд шуда, ҳанӯз ноболиғанд ва моҳашон ба болиғ будан намерасад, гуфт Муҳаббат Абдуллозода.
Баробари дастрас шудани тафсилоти бештар, дар ҳамин ҷо нашр мешавад.