CNN: Эрон ба бузургтарин тамрини низомӣ омода мешавад
Сипоҳи постодони инқилоби Эрон ба бузургтарин тамрини низомӣ дар баҳр, зоҳиран тактикаи бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз -муҳимтарин шарёни интиқоли нафт дар ҷаҳон, омодагӣ мегирад. Дар ин бора ду намояндаи наздик ба истихбороти Амрико ба CNN хабар доданд.
Тамрини низомӣ метавонад дар ду рӯзи оянда оғоз шавад. "Мо мушоҳида кардем, ки нерӯҳои баҳрии Эрон дар халиҷи Араб ва Умон, наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз фаъол шудаанд. Мо вазъиятро бо диққат назорат мекунем ва бо шариконамон талош мекунам гузори озоди киштиҳо ва интиқоли борҳои тиҷоратӣ тавассути обҳои байналмилалиро таъмин намоем.",- гуфтааст намояндаи Пентагон.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз Халиҷи Форсро бо Баҳри Араб пайваст мекунад; домани он дар бахшҳои борик ба 45 километр мерасад. Аз тариқи ин гулӯгоҳ то 20 дар сади ҳамаи нафти ҷаҳон мегузарад.
Тамрини низомии Эрон дар баҳр дар пасманзари ташаннуҷи авзо дар байни Эрон ва Амрико ҷараён мегирад.Оғози барвақти тамринҳо, ки маъмулан тирамоҳ ва тобистон ҷараён мегиранд, низомиёни Амрикоро нороҳат кардааст.
Дар тамрин 100 киштии босуръат, нерӯҳои ҳавоӣ, пиёдагард ва мушакҳои навъи "замин ба об" истифода мешаванд. Айни замон ИМА дар Халиҷи форс танҳо як кишти бузурги ҳавопаймобар дорад. Аммо бахши умдаи ҳавопаймои Амрико дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд.