Хуҷанд соҳиби 25 автобуси нав шуд
Дар шаҳри Хуҷанд, ду рӯз боз аст, ки даҳҳо автобуси мусофирбари наву муосир ҳаракат доранд, вале мушкилоти нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро ҳал карда наметавонанд. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд як барномаи давлатӣ барои беҳтар кардани ҳаракати мардум дар шаҳру навоҳии атроф амалӣ мешавад.