СМС-и "тақдирсоз" ба ҳазорон довталаби тоҷик. ВИДЕО
Шаби 6-ум ба 7-уми август хонадони зиёд дар Тоҷикистон ҳаяҷонзада буданду ҳазорҳо ҷавон чашм аз телефон намеканданд. Аксарият паёми тақдирсозро интизор буданд. Пайёмеро, ки бо гирифтанаш бархе аз шодӣ ашк рехтанд ва гурӯҳе ҳам то андозае ноумед шуд.