Сипоҳи посдорони инқилоб гуфт, 10 ҷангҷӯро куштааст
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ки нирӯҳояш даҳ ҷангҷӯи мусаллаҳро дар як минтақаи курднишини ҳаммарз бо Ироқ куштаанд.
Дар як эъломия, ки рӯзи 11-уми август хабаргузории ИРНА нашр кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст, ин даҳ нафар ба “як гуруҳи террористии хеле хуб муҷаҳҳаз” мутааллиқ будаанд.
Бар асоси эъломия, дар ин задухӯрд, ки рӯзи 10-уми август сурат гирифт, теъдоди дигаре аз ҷангҷӯён захмӣ шудаанд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар мавриди талафоти нирӯҳояш маълумот надодааст.
Дар моҳи июли имсол низ ҳадди ақал ду бархӯрд дар минтақаҳои куҳистонии Эрон сурат гирифт, ки дар натиҷаи он ба камияш даҳ нирӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва се ҷангҷӯи мусаллаҳ кушта шуданд.