Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2018

Ҳамлаварон ба оилаи Назридодовҳо дар Бадахшон маҳкум шуданд

0
Ҳамлаварон ба оилаи Назридодовҳо дар Бадахшон маҳкум шуданд

Додгоҳи вилояти Бадахшон Некрӯз Ниятбеков ва Восеъ Ҳабибзодаро барои куштор ва ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаводаи Назридодовҳо аз 23 то 28 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаи Назридодовҳо дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаби 5-уми октябри соли гузашта сурат гирифт. Ин корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таппонча хушдомани бародараш Оламгул Девлоховаро кушт ва Мубориз Назридодов, ҳамсари бародараш Ганҷина Назридодова ва писари бародараш Амирҷони 14-соларо захмӣ намуда буд.

Амирҷон аз сараш тир хӯрда буд ва баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт. Амалиёти Амирҷонро баъди захмӣ шуданаш шахсан Шодихони Ҷамшед, табиби ҷарроҳ анҷом дод. Раиси вилояти Бадахшон рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳарчанд аз рӯзи аввали ин ҳодиса шонси зинда мондани Амирҷон зиёд набуд, онҳо ба хотири сиҳҳатиаш паи табобати ӯ шуданд. 

Мақомот меӯянд, ки баҳси миёни Некрӯз ва Назридодовҳо пас аз даргузашти бародараш Далер Ниятбеков сар задааст. Додгоҳ баҳси ду тарафро дар мавриди соҳибӣ ба манзили Далер Ниятбеков ба манфиати ҳамсари ӯ ҳал карда, хашми Некрӯзро барангехтааст.

Худи Ниятбеков дар навори бозпурсии мақомот, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфта буд, ҳадафаш танҳо тарсондани ҳамсари бародар ва хонаводаи онҳо буд. Он замон гуфта мешуд, ки Ҳабибзода Восеи Саъдулло, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин ҷиноят Некрӯз Ниятбековро ҳамроҳӣ карда, дар пайи ин ҳодиса алайҳи ӯ ҳам парванда боз шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, ки ҳукми ин ду нафар ҳанӯз моҳи феврал содир шуда, додгоҳ муттаҳамонро дар одамкушӣ, бо бераҳмии махсус, аз ҳиссиёти авбошӣ, истифодаи силоҳи оташфишон, вайрон намудани дахлнопазирии манзил, несту нобуд кардани амвол, шарикӣ дар ҷиноят гунаҳкор донистааст. Ниятбеков ба 28 соли зиндон ва Ҳабибзодаро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Солҳои ахирдар пайи баҳсҳои хонаводагӣ, чандин сокинон кушта шуданд. Дастрасӣ ба манзил ва порчаи замин аз мушкили рақами яки Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 93 дар садаш кӯҳистон мебошад ва аз 7 дарсади боқимондаи қаламрав танҳо сеяки он нисбатан ҳамвор ва барои кишоварзӣву бунёди манзил қобили истифода аст.

Бинобар як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба як нафар дар кишвар тақрибан 6 сотих рост меояд. Оҷонсии омор мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳар як хонавода дар Тоҷикистон 31 метри квадратӣ бинои зист дорад. Солҳои истиқлолияти Тоҷикистон шумори даъвоҳои судиву ҷанҷолҳои авлодиву хонаводагӣ барои дастрасӣ ба манзил ва замин торафт бештар мешавад.





Губернаторы России
Москва

Мэр: Порядка 20 новых ЖК передали под заселение по программе реновации с начала года





Москва

Компании Группы "Интеррос" взяли ряд наград премии FINAWARD


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал самые быстрорастущие отрасли производства в Москве



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Лазарев

«Сергей Лазарев за все платит»: диско-бабушка из Коми рассказала, как ей искали квартиру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Спортивные прогнозы на OnlyBet

Only Bet – бесплатные прогнозы на спорт


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Блоги

Пластический хирург, косметолог и дерматолог Мадина Байрамукова: как правильно спать, чтобы не было морщин



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России