Оҷонсии содирот – Тоҷикистон боз як идораи нав таъсис дод
Дар Тоҷикистон Оҷонсии содироти назди ҳукумат таъсис шудааст. Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аввали моҳи август нашр шуд, ин ниҳод дар умури таблиғу муаррифӣ ва содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ фаъолият хоҳад кард.
Бино ба қарори ҳукумат, ба раиси Оҷонсӣ иҷоза дода шудааст, ки барои худ ду муовин бигирад. Ва ин идора ҳақ дорад, се мошин ё худрави хидматӣ ҳам дошта бошад.
Аз Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тақозо шудааст, ки масъалаи молӣ ва ҳуқуқии ташкили Оҷонсии содиротро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.
Оҷонсии содироти Тоҷикистон дар ҳоле ташкил шудааст, ки содирот дар муқоиса ба воридоти мол аз хориҷа камтар аст.
Барои мисол, дар панҷ моҳи аввали имсол додугирифти берунии Тоҷикистон 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб беш аз 429 миллион доллараш содирот ва тақрибан 1,3 миллиард доллараш воридот аст.
Тоҷикистон асосан пахтаву алюминий, сангҳои қиматбаҳо, меваи тару хушк ва семент содирот мекунад.