Ғаниҷон Ғаниев аввалин қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни мактаббачагон шуд
Варзишгари навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки дар шаҳри Орёли Русия ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни 72 кило медали тилло ба даст овард.