Русия имсол ба мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. ВИДЕО
Русия имсол барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. Инҳо омӯзгорони фанҳои мухталиф – забон ва адабиёти русӣ, физика, кимиё ва фанҳои дигар мебошанд, ки қарор аст дар Душанбеву Ҳисор ва Кӯлоб дарс диҳанд. Омӯзгорон субҳи 29-уми август ба Душанбе хоҳанд омад.