Арабистони Саудӣ ҷанг бо Эронро аз эҳтимол дур намедонад
Арабистони Саудӣ ҷанг бо Эронро аз эҳтимол дур намедонад. Ироҳим ал-Муҳанна, вазири энержии Саудӣ, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, "агар Теҳрон таҳдидҳояшро барои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ва роҳ ба сӯи Халиҷи Форс амалӣ кунад".
Ин мақомдори Саудӣ изҳори умед кард, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба амалиёти низомӣ алайҳи Эрон иҷозат диҳад. Иброҳим ал-Муҳанна аз таҳримҳои пурраи тиҷоратӣ бар зидди Теҳрон пуштибонӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои феълӣ наметавонад ба пуррагӣ аз фурӯши нафти Эронро ҷилавгирӣ кунад.
Рӯзи гузашта фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон Ризо Тангсерӣ гуфт, Халиҷи Форс комилан таҳти назорати кишвари ӯ қарор дорад. Котиби давлатии Амрико Майк Помпео дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, Вашингтону шариконаш назорат хоҳанд кард, ки ҳаракат дар баҳр озод бошад.
Аввали моҳи июл Теҳрон таҳдид кард, ки агар ба содироти нафти Эрон маҳдудият ҷорӣ шавад, Теҳрон гулӯгоҳи Ҳурмуз - роҳи аслии интиқоли нафт аз Халиҷи Форсро мебандад. Аввали моҳи август президенти ин кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ таҳдид кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Эрон тамоми минтақаро ба мушкилот гирифтор хоҳад кард.
Чанд ҳафта пеш президенти ИМА Доналд Трамп фармони тадриҷан барқарор кардани таҳримоҳи зидди Теҳронро имзо кард. Манъи содироти нафти Эрон дар марҳилаи дуюм амалӣ мешавад.