Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2018

Эътирофи телевизионии Ҳусейн Абдусамадов дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ

0
Эътирофи телевизионии Ҳусейн Абдусамадов дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия ва шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии  гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Абдусамадов дар ин барнома гуфт, ки ҳамларо бо супориши шахсе бо номи Қорӣ Носир анҷом додааст. Ӯ инчунин иддао кард, ки нақшаи ташкили ҳамларо раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ кашида ба онҳо супориш додааст, ки “дар Тоҷикистон амалеро анҷом диҳанд, ки хусусияти байналмилалӣ дошта бошад”.

Санҷиши дурустии ҳарфҳои Абдусамадов имкон надорад, чун худи ӯ  баъди ҳамла ба сайёҳон дар боздошт ба сар мебарад. Дар гузашта ҲНИТ даст доштанаш дар ҳамла ба сайёҳонро рад карда ин иттиҳомро “бемантиқ” хондааст.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб” инчунин саҳнаи аз бонк пул гирифтани Абдусамадов, ки камераҳои назоратии бонки “Эсхата” дар Норак сабт кардааст, намоиш дода шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин маблағ барои ташкили ҳамла ба хориҷиҳо ирсол шудааст.

Ин нахустин ҳузури Ҳусейн Абдусамадов дар телевизион баъди ҳамлаи маргбор ба 7 сайёҳи хориҷӣ мебошад. Дар он ҳодиса ҳамлагарон савори мошине нахуст ба сайёҳони велосипедсавор ҳамла карда дар пай онҳоро бо корд ба ҳалокат расониданд. Дар натиҷа, 4 нафар шаҳрвандони Амрико, Ҳолланд ва Швейсария кушта шуда, се нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти тоҷик масъулияти ин ҳамларо ба дӯши ҲНИТ вогузор карданд, вале дере нагузашта дар интернет саҳнаи ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганд ёд кардани афроди гумонбар дар ҳамла нашр шуд. Рӯзи 4 сентябр дар як мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки “методи анҷоми ин ҳамла ба ҷиноятҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шабоҳат дорад.

Дар изҳороти додситонии кулли Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодиса моҳи август гуфт шуд, ки  ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо (сокинони Норак) анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда  боздошт шуд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Пожарной охране Москвы исполнилось 220 лет — Сергей Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

МакSим

Аномалия как у МакSим. Младенец с шестью пальцами попал в больницу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Зарплаты подняли россиянам почти 80% компаний



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России