Помпео: "Мулоқоти Ҷон Керрӣ бо Зариф номуносиб буд"
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико аз Ҷон Керрӣ ба хотири чанд мулоқоташ бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, интиқод кард. Ҷон Керрӣ дар замони раёсати ҷумҳури Барак Обама сардори Департаменти давлатии Амрико буд.
Помпео гуфтааст, ин мақоми даврони президентии Обама сиёсати Амрикоро дар қиболи Эрон ба гунаи фаъолона зери суол мегузорад. Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 14-уми сентябр гуфт, мулоқоти Керрӣ ва Зариф “ношоиста, бесобиқа ва фаротар аз як амали номуносиб аст”.
Як рӯз пеш аз ин, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар “Твиттер” навишт, “Ҷон Керрӣ бо режими бисёр душманонаи Эрон мулоқоти ғайриқонунӣ доштааст”.
Ҷон Керрӣ низ рӯзи ҷумъа дар посух ба ин дар саҳифаи “Твиттер” навишт, “оқои раиси ҷумҳур, Шумо бояд бештар дар мавриди мулоқоти Пол Манафорт бо Роберт Мюллер ташвиш дошта бошед, то мулоқоти ман бо вазири корҳои хориҷии Эрон.”
Керрӣ ҳафтаи гузашта дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, аз замоне ки вазифаро тарк кардааст, чаҳор дафъа бо Муҳаммадфавод Зариф мулоқот кардааст ва созиши ҳастаии Эрон шомили баҳсҳояшон буд.