ИМА хостори ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти СММ шуд
Амрико хостааст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 17-уми сентябр як нишасти изтирорӣ ё фавқулода баргузор кунад.
Амрико фишор болои кишварҳоеро, ки ба гуфтааш, таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро нодида мегиранд, бештар месозад.
Дафтари сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи 14-уми сентябр дар як хабарнома гуфт, ба хотире хостори ин мулоқот шуданд, ки бархе аз кишварҳои узви Шӯро талошҳои зери суол бурдан ва осеб расондан ба татбиқи раванди таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро анҷом додаанд.
Дар хабарнома аз кишвари мушаххасе ном бурда нашудааст. Қаблан сафири Амрико дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ дар ин маврид аз Русия ном бурда буд.
Дар нишасти рӯзи душанбе татбиқ ва иҷрои таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Куриёи Шимолӣ баҳс хоҳад шуд.