Ҳунарманде, ки нақши "Ҷамшуд"-ро бозӣ мекард, "бомж" шудааст
Валерий Магдяш, ҳунарманде, ки дар тарҳи телевизионии "Наша Раша" нақши "Ҷамшуд"-ро бозӣ карда буд, "бомж" шудааст. Магдяш рӯзи 14-уми сентябр дар ин бора дар барномаи "Прямой эфир"-и телевизиони Русия нақл кард.
Ӯ гуфт, "дар ин тарҳ як сол кор кардам. Баъдан ба ин натиҷа расидам, ки ҳамаи пулҳои ҷамъкардаамро гирифта, хонаи якҳуҷрагиро бо духонагӣ иваз кунам." Аммо ба нақли Валерия Магдяш, афроди ношинос дар роҳ ба сӯи бонк ба ӯ ҳамла карда, бо лӯлаи оҳанӣ ба сараш заданд. "Ва асноду пулҳоямро гирифтанд", - нақл кард ӯ.
Магдяш мегӯяд, баъди ин ҳодиса ба бемористон афтод ва аз онҷо баромаду дар кӯчаҳо мегашт. Вай гуфт, бештари вақт дар истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Ессантуки буд ва дар онҷо посбонҳо, аз ҷумла як тоҷик, барояш ғизо медоданд.
"Ҷамшуд"-ро зане бо номи Татяна шинохт ва ба хонааш бурд. Ҳоло Магдяш дар хонаи Татяна зиндагӣ мекунад ва дар ивази сарпаноҳ хонаро таъмир кардааст.
Валерий Магдяш 67 сол дорад ва дар бисёре аз филмҳо, аз ҷумла силсилафилми “Адвокат”, нақш офаридааст. Ӯ бо иҷрои нақши “Ҷамшуд” дар тарҳи телевизионии “Наша Раша” мавриди накӯҳиши тоҷикон буд.
Нашри филмҳо дар бораи Равшану Ҷамшуд дар “Наша Раша” дар пайи эътирозҳои матбуот, блогнависон ва мақомоти Тоҷикистон қатъ шуд. Раёсати диаспораи арманиҳои Русия низ аз рӯҳияи нажодпарастона ва бегонабадбинии намоишҳои “Наша Раша” эътирози шадид баён карда, аз бозигарон ва коргардонҳои он ки асосан арманитаборанд, талаб намуд, арманиҳоро бо тоҷикон ҷанг наандозанд.
Илова бар ин, рӯйдодҳои Украина дар оғози соли 2014 расонаҳои русиро водор намуда буд, нисбат ба намояндагони қавмҳои дигар каме бо эҳтиёт бошанд.