Чин ба Амрико бо тарофаҳои нав посух медиҳад
Пекин дар заминаи ҷорӣ шудани тарофаҳои нави Амрико ба маҳсулоташ чораҳои ҷавобӣ меандешад. Дар ин бора Вазорати тиҷорати ин кишвар рӯзи 18-уми сентябр изҳорот дод.
Дар ин идора аз қарори Вашингтон изҳори таассуф карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҷорӣ шудани тарофаҳои нав музокироти тиҷоратии Пекину Вашингтонро зери суол бурд.
Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 18-уми сентябр фармони тарофаи 10 дар садӣ ба маҳсулоти чинӣ ба маблағи 200 миллиард долларро имзо кард. Ин фармон аз 24-уми сентябр амалӣ мешавад.
Пештар аз ин, маҳсулоти чинӣ ба маблағи 50 миллиард доллар мавриди боҷи 25 дар садии Вашингтон қарор гирифт.