"Бозии тоҷу тахт" ҷоизаи аслии "Эмми"-ро дарёфт кард
Сериали телевизионии "Бозии тоҷу тахт" ҷоизаи "Эмми"-ро дар бахши "Беҳтарин сериали драмавӣ" бо худ бурд. 70-умин маросими ҷоизаи "Эмми" рӯзи 17 сентябр дар Лос-Анҷелес баргузор шуд.
"Бозии тоҷу тахт" аз рӯи ҳафт бахш ё номинатсия муддаӣ буд, аммо ҷоизаро танҳо дар ду бахш ба даст овард. "Эмми"ба ҳунарманд Питер Динклеҷ барои иҷрои нақши дуввуми мукаммал дар ин сериал насиб шуд.
Дар бахши "Актери беҳтарини сериали драмавӣ" "Эмми"-ро Мэттю Риз барои иҷрои нақш дар сериали "Амрикоиҳо" ва ҳамин ҷоизаро дар бахши занҳо ҳунарманди британиягӣ Клер Фой барои иҷрои нақш дар сериали "Тоҷ" дарёфт карданд.
"Мейзел - бонуи шигифтангез" ва нима сериали "Достони ҷинояти амрикоӣ" "Беҳтарин сериалҳи мазҳакавӣ" эълон шуданд.
"Эмми" шабеҳи "Оскар" дар бахши телевизион аст. Ин ҷоизаро Академияи телевизионии Амрико соли 1949 таъсис дод.