Бемористони Олмон: мунақиди Кремлин эҳтимолан заҳролуд шудааст
Табибони Олмон мегӯянд, мунақиди Кремлин Петр Верзилов эҳтимолан заҳролуд шудааст ва нашрияи "Новая Газета" ин ҳодисаро ба ҳалокати се хабарнигори рус дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ пайванд медиҳад. Ин нашрия мегӯяд, қарор буд Верзилов дар бораи кушта шудани хабарнигорон дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ маълумот бигирад.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои "Новая Газета", Петр Верзилов бо яке аз куштаҳо - филмсоз Александр Расторгуев дӯстӣ дошт ва худаш ҳам бояд дар таҳқиқоти ҳузури ширкати хусусии низомии Русия "Вагнер" дар ин кишвари африқоӣ иштирок мекарад. "Новая Газета" мегӯяд, Петр Верзилов ахиран бо коршиносони хориҷие дар тамос шуд, ки дар минтақаи кушта шудани хабарнигорон кор мекарданд.
Петр Верзилов 11 сентябр дар ҳоле ба бахши эҳёгарии бемористони Маскав афтод, ки чашмаш хира ва нутқаш гум шуд ва аз роҳ рафтан монд. Рӯзи 15 сентябр Верзиловро барои муоина ба Берлин интиқол доданд. табибони олмонӣ мегӯянд, ки ӯ эҳтимолан заҳролуд шудааст.
Охири моҳи июл се хабарнигори рус - Орхан Ҷамол, Александр Расторгуев ва Кирил Радченко дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ кушта шуданд. Онҳо бо дархости Маркази таҳқиқотии марбут ба раҳбари пешини ширкати нафти ЮКОС Михайил Ходрковский бояд дар бораи "ЧВК Вагнер" филми мустанад омода мекарданд. Гуфта мешавад, ки ширкати хусусии низомии "Вагнер"-ро Евгений Пригожин - дӯсти Владимир Путин таъсис додааст.