Ҳалокати 24 нафар дар ҳамлаи "такфириҳо" дар Эрон
Расонаҳои Эрон мегӯянд, теъдоди қурбониёни ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвоз 24 нафар кушта шудаанд. Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар ҳамла се нафар ҳалок шудаанд ва 20 тани дигар захм бардоштаанд.
Хабаргузории расмии ИРНА навишт, ки дар ин ҳамла як зану як кӯдак ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузоришҳои пешин ҳамлаваронро “Афроди мусаллаҳи такфирӣ” номиданд, ки ишорае ба гуруҳи ба ном Давлати исломӣ аст.
Хабаргузории нимарасмии “Форс” гуфт, ки ду фарди мотосиклсавор, ки либоси хокӣ дар тан доштаанд, ҳамларо анҷом доданд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Аҳвоз, маркази вилояти Хузистон, яке аз вилоятҳои саршор аз захираҳои нафт дар Эрон аст ва дар гузашта шоҳиди ҳамлаҳои арабҳои ҷудоиталаб ба лулаҳои нафт шудааст. Қисмате аз аҳолии Хузистон арабҳо ҳастанд.
Гузориш такмил мешавад