Оғози размоиши "Иссиқкӯл-Антитеррор-2018" дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон размоиши муштараки байналмилалии зиддитеррористии "Иссиқкӯл-Антитеррор-2018" оғоз шуд. Дар ин бора Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, нирӯҳои вижаи Кумитаи амният, Ситоди кул ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон 25 сентябр дар якҷоягӣ пешгирӣ аз вуруди террористон ба фурудгоҳи Иссиқкӯл ва ба замин фуруд овардани ҳавопаймоеро тамрин карданд, ки аз тарафи тундравон ғасб шуда буд.
"26 сентябр дар размоишгоҳи "Эделвейс"-и Қирғизистон даври ниҳоии тамрин - амалиёти пешгирӣ ва маҳви гуруҳи бузурги мусаллаҳи террристие анҷом дода мешавад, ки кӯшиши вуруд ба Қирғизистонро дорад. Дар ин тамрин нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Русия бо шумули нирӯҳои ҳавоӣ иштирок хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Размоиши муштараки низомии кишварҳои ИДМ бори севум аст, ки дар Қирғизистон баргузор мешавад. Он соли 2001 дар шаҳри Ӯш ва соли 2013 дар шаҳри Бишкек гузаронида шуд.
Пештар хабаргузории русии ТАСС иттилоъ дод, ки низомиёни Русия дар размоиши зиддитеррористии "Иссиқкӯл – Антитеррор – 2018" бори нахуст аз Урал ба Қирғизистон ба воситаи маҷмааи “Искандар-М” мушак партоб карданд.