Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев дар Душанбе
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 27-уми сентябр барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба Душанбе омад. Мирзиёевро дар фурудгоҳи Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтааст.
Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти худ таъкид карданд, ки ба сатҳи муносибатҳои дӯстиву ҳамкории ду кишвар афзалияти бештар медиҳанд. “Сарони ду кишвар масъалаи сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд”, - афзуд манбаъ.
Ҳадафи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ аст. Ин нишаст рӯзҳои 27-28 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ин дувумин сафари Мирзиёев аз аввали имсол ба Тоҷикистон аст.
Қарор аст, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Турсунзода рафта, аз корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО дидан хоҳад кард. Ба истиқболи ӯ дар шаҳри Турсунзода як корвони тиҷоратии иборат аз 12 шутурро сохтаанд.