Равғани доғ дар "Афғонбозор"-и Хуҷанд панҷ нафарро сӯзонд. АКС
Дар пайи чаппа шудани зарфи равғани доғи санбӯса ва «пирожки»-пазӣ дар канори бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд панҷ нафар осеб дидаанд. Пизишкон гуфтанд, ки осеби ин афрод «вазнин нест» ва «зуд ба по хоҳанд хест».