Тоҷикистон раҳбарии ИДМ-ро ба Туркманистон супурд
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) баъди тақрибан ду соати гуфтугӯ паси дарҳои баста раёсати даврии ин созмонро ба Туркманистон супурданд. Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 28-уми сентябр дар "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.