Reuters: ИМА бори аввал бо F-35B ба мавқеи Толибон зарба зад
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал насли панҷуми ҳавопаймои зарбазани бисёрсоҳавии F-35-ро дар ҷанг истифода кард. Дар ин бора Reuters рӯзи 27 сентябр бо такя ба манбае хабар дод, ки нахост номаш ошкор шавад.
Ҳамсӯҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳавопаймо аз киштии ИМА дар Баҳри Араб баланд шуд ва ба мавқеи Толбион дар Афғонистон зарба зад.
Ба гуфтаи манбаи Reuters, парвози ҷангиро ҳавопаймои модели F-35B аз киштии USS Essex анҷом дод. Ин ҳавопаймо метавонад аз хатти кӯтоҳи пароз баланд шавад ва ба шакли амудӣ нишинад.
Хабар то ҳол расман тасдиқ нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои зарбазани F-35-ро бори аввал Исроил истифода кард. Мақомоти он кишвар аз нахустин парвози ҷангии зарбазан моҳи май хабар доданд.