Қазоқистон Прадоро ҷарима кард
Додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзноманигори фаронсавӣ ва коргардони ширкати продюсерии Ligne de Front Венсан Прадоро барои "нақзи қонунҳои муҳоҷират" ба 60 ҳазор танга (ҳудуди 165 доллар) ҷарима кард.
Венсан Прадо ва тарҷумонаш Данара Исметова субҳи 27 сентябр боздошт шуданд. Ба гуфтаи фаъоли маданӣ Галим Агелеуов, Прадо дар бораи ҳодисаҳои соли 2011 дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон филм мегирифт.
Додгоҳ рӯзноманигорро ба он ҷарима кард, ки ӯ дар Қазоқистон бидуни иҷозатнома кор кардааст. "60 ҳазор танга супоридам. Пас аз дарёфти акредитатсия фикр кардам, ки ҳар як рӯзноманигори мустақил метавонад дар Қазоқистон кор кунад. Вале бо вуҷуди доштани эътиборнома фаъолияти манро манъ карданд", - гуфт Прадо.
Пештар Созмони байналмилалии ҳимоят аз озодии матбуот -- "Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон талаб карда буд, ки Венсан Прадоро фавран озод кунанд. "Гузоришгарони бидуни марз" боздошти рӯзноманигорро "монеагузории беасос ба озодии баён" номид.