Нетаняҳу гуфт, ки Эрон дар Теҳрон "анбори ҳастаӣ" дорад
Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Эрон дар шаҳри Теҳрон "анбори ҳастаӣ" дорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин анбори пинҳонӣ чандин тонна маводи ҳастаӣ ва дастгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Натаняҳу аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, санҷиш гузаронад ва аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки аз таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон ҷонибдорӣ кунанд.
Ду рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп аз минбари СММ хабар дод, ки пас аз моҳи ноябр алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. ИМА ва Исроил бовар доранд, ки Теҳрон аз созишномаи чандҷонибаи ҳастаӣ сӯистифода кард, то барои сохтани бомбаи ҳастаӣ мавод ҷамъ оварад. Вашингтон моҳи май аз ин созишнома хориҷ шуд ва Эронро дубора таҳрим кард. Вашингтон аз ҳампаймонҳояш талаб кард, ки харидани нафти Эронро қатъ кунанд.
Трамп 26 сентябр бори дигар гуфт, кишварҳоеро, ки таҳримҳои зидди Эронро нақз мекунанд, "оқибатҳои ногувор" мунтазир аст. Ахиран Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки барои давр задани ин таҳримҳо ва муомилот бо Эрон ниҳоди нави молӣ таъсис медиҳад. Намояндагони Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин тасдиқ карданд, ки Эрон тамоми шартҳои "созиши ҳастаӣ"-ро иҷро мекунад.