Трамп дубора хоҳони сахттар кардани сиёсати муҳоҷирати ИМА шуд
Амрико ба касоне, ки аз гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ вориди кишвар мешаванд, ҳаққи паноҳандагӣ намедиҳад.
Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ президенти ИМА Доналд Трамп изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки қонунро вайрон мекунанд, наметавонанд дар ИМА паноҳанда шаванд.
Президент хабар дод, ки ҳафтаи оянда ҳукумат нақшаи танзими муҳоҷират ба ИМА-ро муаррифӣ мекунад.
Чанд рӯзи пеш Трамп гуфт, ки тасмим дорад, банди конститутсионии Амрико дар бораи додани шаҳрвандии ин кишвар ба кӯдаконе, ки дар ҳудуди ИМА таваллуд шудаанд, бекор мекунад. Ба ҷуз ин, ӯ таҳдид кард, ки кумакҳои хориҷиро ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ қатъ хоҳад кард. Шаҳрвандони чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба таври дастаҷамъӣ ба самти ИМА ҳаракат мекунанд.