Дар ҳамлае дар Афғонистон як сарбози Амрикоро куштаанд
Дар як ҳамлаи мусаллаҳона, ки зоҳиран аз тарафи як сарбози афғон сурат гирифтааст, як низомии амрикоӣ кушта ва як сарбози дигар захмӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии нирӯҳои ҳимояти қотеи НАТО рӯзи 3-юми ноябр хабар дод.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст, ки ҳамлавар узви нирӯҳои дифоъ ва амнияти Афғонистон буд. Худи ӯ пас аз ҳамла болои сарбозони амрикоӣ аз тарафи низомиёни афғон бо зарби гулӯла кушта шудааст.
Дафтари матбуотии нирӯҳои қотеи НАТО ҳамчунон афзудааст, ҷасади сарбози кушташуда ва сарбози захмиро ба пойгоҳи низомии Багром фиристодаанд. Дар онҷо сарбози захмӣ таҳти назорати пизишкон аст.
То кунун дар мавриди сарбози афғон, ки бар сари нирӯҳои амрикоӣ ҳамла кард, чизе гуфта нашудааст.