Аз ҳодисаи тасарруфи сафорати ИМА дар Эрон 39 сол гузашт
Ҳазорон нафар рӯзи якшанбе дар Эрон солрӯзи тасарруфи сафорати Амрико дар Теҳронро таҷлил карданд.
Ҳамлаи 39 соли қабл ба сафорати Амрико дар Теҳрон боиси он шуд, ки Иёлоти Муттаҳида равобити дипломатиашро бо Эрон қатъ кунад.
Дар ҷараёни роҳпаймоии рӯзи 4-уми ноябр тазоҳуротгарон алайҳи Амрико ва Исроил шиор доданд.
Рӯзи чаҳоруми ноябри соли 1979 баъд аз онки Амрико аз супурдани Муҳаммад Ризошоҳ, шоҳи собиқи Эрон ба режими исломӣ худдорӣ кард, донишҷӯёни эронӣ ба сафорати ИМА дар Теҳрон ҳамла намуданд. Онҳо дипломатҳои амрикоиро 444 рӯз дар гаравгон нигоҳ доштанд.
Аз он замон то кунун Иёлоти Муттаҳида бо Эрон робитаи дипломатӣ надорад.