Дар даргирӣ бо Толибон 13 низомии афғон кушта шуд
Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки 13 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон дар як задухӯрд дар вилояти Ғазнӣ, дар 150-километрии ҷанубуғарби Кобул кушта шуданд. Муҳаммадориф Нурӣ, сухангӯи волии Ғазнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки задухӯрд субҳи 5 ноябр ва ҳангоме шурӯъ шуд, ки ҷангиёни Толибон ба посгоҳе дар ноҳияи Хогиёнӣ ҳамла карданд. Ба иттилои Нурӣ, дар ин даргирӣ шаш афсари полис ва ҳафт сарбози артиш кушта шуданд. Дасти кам чор афсари дигари полис маҷрӯҳ шуданд. Инчунин дар задухӯрди сесоата шаш ҷангии Толибон кушта ва 10 нафар маҷрӯҳ шуданд. Нурӣ гуфт, ки ин посгоҳи амниятӣ дар интиқоли муҳимоти Толибон ҳамчун як гузаргоҳи муҳим ва стратегӣ барои ҷангҷӯён будааст. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳир гуфт, ки ин ҳамларо онҳо анҷом додаанд.