Эмомалӣ Раҳмон: "Фориғболӣ намекардем, дар Данғара ҳамла намешуд"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони сохторҳои вазорати умури дохилӣ ва амният “фориғболӣ” намекарданд, мумкин буд, аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.