Шикояти 9000 зан ба мақомот: “Аз хушунат раҳонед, кору хона диҳед” ВИДЕО
Рӯзе аз панҷ то ҳафт зани тоҷик аз зарбу лат ва озори шавҳар ва хешу табори онҳо ба Шамъигул Аминова шикоят мекунанд. Ин шикоятҳо гоҳе телефонӣ ва гоҳе дар суҳбатҳои рӯбарӯ баён мешавад.