Иттиҳоди Аврупо: Узбекистон "дар роҳи дуруст аст"
Вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон дар ду соли охир беҳтар шудааст. Дар ин бора Карин Кнайсл, вазири корҳои хориҷии Австрия, ки дар ҳоли ҳозир раисии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, охири ҳафта изҳори назар кард.
Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел гуфт, "мо мебинем, бештари зиндониёне, ки маҳбуси сиёсӣ дониста мешуданд, озод гардиданд. Ман як зиндонии дигарро медонам, ки дар ин рӯйхат боқӣ мондааст ва хуб мебуд, ки агар мо дар оянда мавҷудияти чунин рӯйхатҳоро фаромӯш мекардем."
Вазири корҳои хориҷии Австрия афзуд, Иттиҳоди Аврупо барои ҳимоят аз "барномаи овозадори ислоҳот"-и Узбекистон талош мекунад.
"Он чи мо мушоҳида мекунем, гувоҳи он аст, ки ҳама чиз дар роҳи дуруст равона аст", - афзуд вай.
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбекистон, ки дар ин нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, гуфт, Тошканд бояд кори зиёде анҷом диҳад ва кишвараш дар ин самт "стратегияи мушаххас" дорад.