Эрон аз фаъол шудани чархаи аввали Роғун ситоиш намуд
Эрон аз ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ситоиш карда ва ин маросимро ба тоҷикон табрик гуфтааст. Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ охири ҳафтаи гузашта дар саҳифаи расмиаш дар “Твиттер” навишт, дар сохтмони ин нерӯгоҳ ҳашт ширкати эронӣ низ ҳузури чашмрас доранд.
Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр мавриди истифода қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, чархаи дувуми нерӯгоҳ соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.
Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз аз замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.
Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.
Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.