Нахустин пирӯзии духтарони футболбози тоҷик дар Тошканд
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир намудааст, тими Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.