"Ҳадаф фарзанди кам нест". Миллионҳо дона рифолаи Ҷопон ба Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷопон дар чаҳор соли оянда барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 20 миллион дона рифола ва маводи дигари зидди ҳамл хоҳад дод. Барои иҷрои ин тарҳ дуним миллион доллар пешбинӣ шудааст.