Би-би-си: муфаттиши кушташуда "парвандаи чиптаҳо"-ро таҳқиқ мекард
Муфаттиши Вазорати дохилии Русия Евгения Шишкина, ки моҳи гузашта дар минтақаи Маскав кушта шуд, парвандаи тақаллуби чиптаҳои қатори Роҳи оҳани Русияро таҳқиқ мекард. Дар ин бора рӯзи чоршанбе Би-би-си хабар дод.
Ба гуфтаи ин расона, бинобар мавқеи қотеъи Шишкина шаст мавриди ҷиноят дар минтақаҳои мухталифи Русия дар як парванда ҷамъоварӣ шуд. Ин ҳолат ба тафтишот иҷозат медиҳад, ки барои ҷинояти дастаҷамъона ҷазои сангин талаб кунад.
Бар пояи далеҳое, ки Евгения Шишкина ошкор кард, ҷинояткорон сохтори электронии хадамоти фурӯши чиптаҳоро шикаста, қимматарин билетҳоро мехариданд ва баъдан онҳоро ба кассаи истгоҳҳои роҳи оҳан месупурданд. Хисороти умумии 31 ширкат беш аз 17 миллион рубл ҳисоб шудааст. Чанд ҳафта баъди куштори Шишкина мурофиаи се гумонбари қазия: барномсоз кирилл Калабухов, Андрей Жданов ва Максим Матюшев оғоз шуд.
Евгения Шишкина аз охири соли гузашта таҳдид дарёфт мекард. Дар онҳо онҳо аз муфаттиш талаб мешуд, ки тафтишоти қазияи "чиптаҳо"-ро қатъ ва боздоштшудаҳоро озод кунад. Дар ин бора писари муфаттиш хабар дод.Он замон Шишикина аз ҳакер Максим Матюшев гумонбар шуд, ки ҳоло аз ҷавобгарҳои аслии парванда аст.
Аммо Алексей Карабанов, вакили Шишкина мегӯяд, ки муаллифи таҳдидҳо Ярослав Сумбаев аст, ки дар ҳоли фирор қарор дошт. Моҳи ноябр ӯро дар Тбилиси боздошт карданд ва бояд истирдод шавад. Сумбаев ҳамлаҳои ҳакериро эътироф мекунад, аммо мегӯяд дар куштори муфаттиш даст надорад. Ӯ аз Гурҷистон паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.
Рӯзи 10 октябр Олег Шишкин, ҳамсари муфаттиш Евгения Шишкина, ӯро бо захмҳои сангин дар наздикии маҳалли зисташон пайдо кард. Муфаттиш то расидани мошини ёрии таъҷилӣ вафот кард. Аз даҳҳо дурбини назоратии атроф танҳо яке кор мекард. Ин дурбин гумонбари ҳамларо сабт кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса фирор мекард. Ин мард шими ҷинс, болопӯш ва дар чеҳрааш маскаи беҳдоштӣ пӯшида буд.
Пештар аз ин нашрияи "Новая Газета" навишт, ки куштори Евгения Шишкина ба фасод дар фурӯши электронии чиптаҳои роҳи оҳан рабт дорад. Ба навиштаи "Коммерсант" Шишкина ҳамчунин бо парвандаи тақаллуби ҷойизапулии "Аэрофлот" машғул буд. Рӯзи 28 ноябр Кумитаи тафтишоти Русия эълон кард, ки куштори Евгения Шишкина бо ҷамбаи "эҷоди монеа барои пешбурди фаъолияти ҳирфаӣ" анҷом шудааст.