СММ аз музокироти бенатиҷаи Остона оиди Сурия хабар дод
Русия, Туркия ва Эрон натавонистанд дар музокироти ҳалли сиёсии низои Сурия, ки дар Остона ҷараён дошт, пешрафт кунанд. Дар ин бора фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия Стаффан де Мистура рӯзи 29 ноябр хабар дод.
Ба гуфтаи Reuters, Мистура бо таассуфи амиқ гуфт, ки тарафҳо натавонистанд дар робита ба таъсиси кумитаи Қонуни асосии Сурия созиш кунанд.
Қарор буд ин сохтор якҷо бо Мистура тарҳи нави Қонуни асосиро таҳия кунад. Ниҳоди машваратӣ бояд 150 кафилро аз тарафи ҳукумат ва мухолифин баҳам биёрад. Баъди таъсиси кумита, на пештар аз он, оғози музокироти Женева таҳти раҳбарии СММ дар назар аст.
Чанде пеш Стаффан де Мистура гуфта буд, ки дар сурати таъсис нашудани кумита то охири соли равон, аз талошҳояш ҷиҳати таъсиси он даст мекашад.
Раванди сулҳсозӣ барои Сурия моҳи январи соли гузашта бо ибтикори Русия оғоз шуд. Ҳадафи аслии он - анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия гуфта шудааст. ИМА борҳо Маскав ва Димишқро барои музокироти бенатиҷаи Остона танқид кардааст. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҳезер Нойерт гуфтушуниҳои Остонаро "кори бефоида" номид. Нокомии дипломатии ахир дар пасманзари ташаннуҷ дар канораҳои Ҳалаб ҷараён гирифт. Барои бори аввал дар чанд моҳи ахир ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин минтақа дубора оғоз шуданд.