Парванда алайҳи беш аз 10 маҳбуси Хуҷанд. "Саркарда нестанд, аммо иштирок карданд"
Мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи беш аз даҳ зиндонии маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд бо иттиҳоми иштирок дар ошӯб парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, то кунун нуҳ нафари онҳо бо қарори додгоҳи маркази вилояти Суғд ба СИЗО (боздоштгоҳ) интиқол ёфтаанд.