Тақдири дороиҳои ҳабсшудаи Қазоқистонро додгоҳи Лондон муайян мекунад
Вазорати адлияи Қазоқистон рӯзи 5 декабр хабар дод, ки Додгоҳи олии Лондон қонунӣ будани ҳабси садҳо миллион доллар дороии ин кишвар дар бонкҳои амрикоиро баррасӣ хоҳад кард.
Додрас дирӯз дархости тоҷири молдовӣ Анатол Статӣ ва писараш Габриэлро рад кардааст, ки гуфтанд, «додгоҳи Англия салоҳияти баррасии баҳси молии онҳо бо Қазоқистонро ба маблағи 507 миллион доллар надорад».
Статиҳо, ки ба бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ мекарданд, Остонаро ба кӯшиши тасарруфи рейдерии амволашон айбдор ва беш аз чаҳор миллиард доллар ҷуброн талаб карданд. Пештар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ баҳсро ба нафъи соҳибкорони молдовӣ ҳал карда, аз Қазоқистон хоста буд, ки ба онҳо беш аз 500 миллион доллар диҳад. Вале Остона барои лағви ин ҳукм ба додгоҳ муроҷиат кард.
Вазорати адлияи Қазоқистон дар иттилоияи худ имрӯз гуфт, додрас Найджел Тир иддаои падару писарро рад карда, гуфтааст, ки додгоҳи Лондон ҳаққи баррасии ин баҳсро дорад.
Миллиардҳо доллар дороиҳои Қазоқистонро бонки амрикоии New York Mellon (BNYM) дар пайи шикояти Статиҳо охирҳои соли гузашта ба ҳабс гирифт. Бонк дар аввал 22 миллиард долларро ҳабс кард, вале баъдан ин маблағ то 530 миллион доллар поин бурда шуд.