ИМА дар фикри истирдоди Фатҳулло Гулен ба Туркия аст.
Президенти ИМА Доналд Трамп ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иттилоъ дод, ки Вашингтон барои истирдоди рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен ва якчанд пайрави ӯ қадамҳоеро пиёда мекунад. Туркия Гулен ва пайравони ӯро ба ташкили кушиши табаддулоти давлатии соли 2016 муттаҳам кардааст.
Гуфтугӯ дар ин бора ду ҳафта пеш дар саммити "Бистгона бузург" дар Аргентина ҷараён гирифт,- гуфт хабаргузории Reuters рӯзи 16 декабр аз қавли вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу.
Анкара кайҳо боз истирдоди Гуленро,ки 20 сол боз дар Амрико ба сар мебарад, аз талаб дорад. Рӯҳонии шинохта иттиҳоми кушиши табаддулотро комилан рад мекунад. ИМА то оҳл истирдоди Гуленро бинобар набудани далелҳои собиткунандаи гуноҳи ӯ рад кардааст.
Қаблан Трамп гуфта буд, ки созиши таслими Гулен ба ивази коҳиши фишорҳои дипломатии Анкара ба Арабистони Саудиро қабул надорад. Туркия баъди куштори журналисти саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ дар колнсулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, Риёзро таҳти фишор қарор додааст.
Ба гуфтаи аъзои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Билл Паскрелл, гуфтугуҳо дар бораи эҳтимоли таслими Гулен ба Туркия инро собит мекунед, ки "Трамп ба диктаторҳо таваҷҷуҳ дорад". "Гулен аз иқомати доимӣ дар ИМА бархурдор аст ва набояд дар талошҳои Трамп барои бегуноҳ нишон додани режими истибдодии Арабистони Саудӣ барраи қурбонӣ шавад",- гуфт конгрессмен.